Ӯзбекистон: пешниҳоди маҳдуд кардани шахсоне, ки воксин нагирифтаанд

Муовини раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров аз пешниҳоди ҷорӣ намудани ваксингирии ҳатмӣ аз коронавирус дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ намуд. Ба гуфтаи вакил, корфармо ваксингириии кормандонро аз коронавирус ҳатмӣ карда метавонад, то ки фаъолияти муътадили ҳайати шахсиро таъмин созад, хабар медиҳад Centralasian.org. Барои асосноккунии ин нуқтаи назар Қодиров ба моддаи 212 […]

Asia-Plus

Муовини раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров аз пешниҳоди ҷорӣ намудани ваксингирии ҳатмӣ аз коронавирус дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ намуд.

Ба гуфтаи вакил, корфармо ваксингириии кормандонро аз коронавирус ҳатмӣ карда метавонад, то ки фаъолияти муътадили ҳайати шахсиро таъмин созад, хабар медиҳад Centralasian.org.

Барои асосноккунии ин нуқтаи назар Қодиров ба моддаи 212 Кодекси меҳнати Ӯзбекистон такя мекунад.

“Ваксингирии шумо ҳатмӣ нест. Лекин ҳукумат, ки барои таъмини амният масъули асосӣ аст, бояд баҳри таъмини бехатарии эпидемиологӣ, нисбати шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, маҳдудият ҷорӣ намояд”, – навиштааст ӯ дар шабакаи Telegram-и худ.

Ба гуфтаи Қодиров, ҳар як ӯзбекистонӣ набояд фаромӯш созад, ки “шаҳрванди озод аст, лекин назди ҷомеа уҳдадориҳо дорад”.

“Айни замон роҳи ягонаи боздошти вирус ваксинагирӣ аст, аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама барои бехатарии худ ва наздиконамон, инчунин шахсони гирду атрофамон ваксина гирем”, – изҳор доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 26 июн пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» эълом дошт, ки ӯ аз ваксинаи ZF-UZ-VAC2001-и истеҳсоли Ӯзбекистону Чин эм гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.