Рақибони муштзанҳову ҷудокорони тоҷик дар даврҳои аввали Олимпиада киҳоянд?

Тибқи натиҷаҳои қуръапартоӣ аввалин рақибони боксиён ва ҷудокорони тоҷик дар Олимпиадаи Токио муайян шуданд. 25 июл боксчӣ Баҳодур Усмонов дар вазни дараҷаи то 63 кг бо Леонел де Лос Сантос аз Ҷумҳурии Доминикан рақобат мекунад. Ҳамин рӯз дар вазни то 81 кг Шаббос Неъматуллоев бо варзишгари Чин Даксианг Чен муштзанӣ мекунад. Рақиби якуми Сиёвуш Зуҳуров […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Тибқи натиҷаҳои қуръапартоӣ аввалин рақибони боксиён ва ҷудокорони тоҷик дар Олимпиадаи Токио муайян шуданд.

25 июл боксчӣ Баҳодур Усмонов дар вазни дараҷаи то 63 кг бо Леонел де Лос Сантос аз Ҷумҳурии Доминикан рақобат мекунад.

Ҳамин рӯз дар вазни то 81 кг Шаббос Неъматуллоев бо варзишгари Чин Даксианг Чен муштзанӣ мекунад.

Рақиби якуми Сиёвуш Зуҳуров дар вазни дараҷаи зиёда аз 91 кг Мурод Алиеви озарбойҷонитабор аз Фаронса мешавад. Ин қувваозмоии 1/8 финалӣ рӯзи 29 июл баргузор мешавад.

26 июл ҷудокор Сомон Маҳмадбеков (73 кг) бо Аҳмад Аликай (мунтахаби олимпии паноҳандагон) рақобат мекунад. Ғолиби ин ҷуфт дар даври 1/32 финалӣ бо ҷудокор аз Гамбия Нжие Файе қувва меозмояд. Агар Маҳмадбеков ин рақибонро мағлуб кунад, дар даври 1/16 финалӣ ӯро ғолиби ҷуфти Рустам Оружев (Озарбойҷон) – Мусо Могушков (Русия) интизор аст.

27 июл Акмал Муродов (81 кг) дар даври якум бо Ҷоштер Эндрю (Гуам) рақобат карда, дар сурати ғолибият  дар даври 1/31 финалӣ бо варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили вомехӯрад.

28 июл Комроншоҳи Устопириён (90 кг) дар даври 1/32 финалӣ бо Аксел Клерже аз Фаронса қувва меозмояд.

30 июл Темур Раҳимов (+100 кг) дар даври 1/32 финалӣ бо варзишгари Куба Анди Гранд рақобат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.