Даргирии навбатӣ дар Чоркӯҳ. Як сарбози Тоҷикистон захмӣ шудааст

Субҳи имрӯз, дар мавзеи марзии Қуммазори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷониби қирғизҳо ҷанҷол сар зад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷол пас аз он сар задаст, ки марзбонони қирғиз монеи кори сокинони маҳаллӣ шудаанд. Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки сокинон мехостанд ба василаи ҳашар мавзеи Қуммазорро тоза кунанд, аммо сарҳадбонони қирғиз […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, дар мавзеи марзии Қуммазори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷониби қирғизҳо ҷанҷол сар зад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷол пас аз он сар задаст, ки марзбонони қирғиз монеи кори сокинони маҳаллӣ шудаанд.

Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки сокинон мехостанд ба василаи ҳашар мавзеи Қуммазорро тоза кунанд, аммо сарҳадбонони қирғиз монеи ин кор шуданд ва ба ҷониби Тоҷикистон тир холӣ карданд.

“Вақте сокинони мо барои тоза кардани он мавзеъ баромаданд, сарҳадбонони қирғиз омада монеъ шуданд ва шаҳрвандонашонро ба иғво андохта, ба ҷониби шаҳрвандони мо сангандозию тиркушоӣ карданд”, – хабар дод манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ин ҷо як табобатгоҳи қадимиву садсолаҳои тоҷикон аст ва ҳамасола тариқи ҳашар тоза карда мешавад. 

“Намегузоранд, ки Қуммазори худамонро худамон тоза кунем. Он ҷо мавзеъи таърихӣ аст, ҳудуди мо аст ва садсоҳало дар он ҷо мардуми тоҷик табобат мегиранд”, қайд кард манбаъ. Ӯ дар бораи оташ кушодани сарҳадбонони тоҷик ва будани захмиён чизе нагуфт.

Аммо як духтур аз беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳ ба "Азия-Плюс" гуфт ки, “имрӯз, тахминан, соати тахмин 10:30  аз тарафи Қуммазор як сарбозро гирифта оварданд, маълум нест, ки чи хел ҷароҳат бардоштааст.  Дар пойи росташ захми тир дошт, мо дар беморхонаи марказии Чоркӯҳ ёрии аввалин расонидем ва ӯро гирифта ба шуъбаи травматологияи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гирифта бурданд. Ҷароҳатанш вазнин нест". 

Ин духтур аз сарбози захмӣ, Қурбонов Шӯҳрати 19-сола ном бурд.

Даргирии навбатӣ дар марзи Исфара дар ҳолест, ки чанде пештар миёни марзбонони ду кишвар дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳам тирпаронӣ сурат гирифта буд. Расонаҳои Қирғизистон аз кушта шудани як марзбони қирғиз дар ин ҳодисаҳо хабар дода буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.