Ҳудуди 10%-и барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар меравад

Нимсолаи аввали соли равон Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 37,3 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ ​​содир кард, ки 5,9 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар зиёда аз 917 млн кВт/соат неруи барқ интиқол ёфтааст, ки 9,1% аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нимсолаи аввали соли равон Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 37,3 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ ​​содир кард, ки 5,9 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар зиёда аз 917 млн кВт/соат неруи барқ интиқол ёфтааст, ки 9,1% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ дар ин давра истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Давоми ним сол истеҳсоли неруи барқ каме бештар аз 10 млрд кВт/соатро ташкил додааст, ки 1,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Айни замон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сарфи назар аз қисмати зиёди шимоли Афғонистонро тасарруф намудани намояндагони ҳаракати “Толибон”, ба ин кишвар низ неруи барқ содир мекунад.

Аввали соли равон ниҳодҳои марбут ба барқи Тоҷикистону Афғонистон дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон дар ҳаҷми ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат дар соли 2021 қарордод ба имзо расониданд. Содироти тақрибан ҳамин миқдор ба Ӯзбекистон низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 56,4 млн доллар неруи барқ интиқол дод, ки 40% камтар нисбат ба соли 2019 буд. Ин ҳолат камбуди шадиди барқ дар дохили ҷумҳурӣ бар асари камобӣ маънидод шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.