Файзов: Чорабиниҳои фарҳангӣ манъ ва маблағашон ба пешгирии COVID-19 равона мешавад

Date:

Баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ВМКБ манъ карда шуда, минбаъд маблағи онҳо барои пешгирӣ ва интиқол наёфтани бемории коронавирус равона карда мешавад.

Ин нуктаро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҷаласаи фаврии Ситоди вилоятии пешгирии бемории COVID-19,  ки имрӯз, 30 июл, баргузор гардид, зикр кардааст.

 Ӯ ҳамчунин аз баргузории тӯю маъракаҳо ва риоя нагардидани талаботи беҳдоштӣ дар ошхонаву тарабхонаҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин супориш додааст, ки ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Раиси вилоят аз таҷрибаи мамлакатҳои Аврупо мисол оварда, зикр намудааст, ки ба роҳ мондани карантин барои пешбурди иқтисодиёт манфиатовар нахоҳад буд.

– Аз ин рӯ, ягона роҳе, ки ба коҳиши беморӣ дар байни аҳолӣ мусоидат мекунад, ин ваксинатсия мебошад, – гуфтааст раиси ВМКБ

Дар ҷаласа, сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров иттилоъ додааст, ки чанде пеш 50 ҳазор воя ваксинаи “Moderna” ба вилоят дастрас шудааст.

Мавсуф гуфтааст, ки аз ин пештар, моҳи июн 5850 воя ваксинаи “Астра-Зенека” ба ВМКБ дастрас гардида, дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тибби шаҳри Хоруғ ва кормандони шуъба ва бахшҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ваксинасия фаро гирифта шуданд.

– Барои табобати беморони коронавирус дар ВМКБ дар заминаи беморхонаҳои марказии ноҳияҳо 40 ададӣ кат, 150 кати хоб дар беморхонаи вилоятӣ ва 20 кати хоб дар Маркази тиббии Оғохони шаҳри Хоруғ омода карда шудаанд, – гуфтааст Музаффаров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ изҳор доштааст, ки дар сурати авҷ гирифтани беморӣ 200 кати хоб дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилоят, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...