ИМА барои таъмири постгоҳи марзии Шаҳритус 570 ҳазор доллар ҷудо кард

Кордори сафорати ИМА Ҷон Гинкел ва муовини Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Саодатзода Раҷаб дар маросими супоридани постгоҳи марзӣ барои нерӯҳои марзбонии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд. Ин постгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570 ҳазор доллар таъмиру бозсозӣ шудааст, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро […]

Иттилоияи расмӣ

Кордори сафорати ИМА Ҷон Гинкел ва муовини Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Саодатзода Раҷаб дар маросими супоридани постгоҳи марзӣ барои нерӯҳои марзбонии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд.

Ин постгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570 ҳазор доллар таъмиру бозсозӣ шудааст, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад.

Иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии убури марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, мебошад.

Аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллар кумак расонидааст, аз ҷумла барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзӣ.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.