Милитсияи Душанбе дар 3 соати амалиёти “Тартиботи шабона” 76 қонуншиканиро ошкор кард

Date:

Раёсати ВКД Тоҷикистон аз соати 20 то 23:00 дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе амалиёти “Тартиботи шабона”-ро баргузор намуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, дар ин муддати кӯтоҳ маҷмӯан 76 адад қоидавайронкуниҳои дағали роҳ ошкор шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои амалиёт бо сабаби ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашина 19 адад автомашинаи тамғаи гаронбаҳои хориҷӣ ба майдони ҷаримагоҳ равона шудааст.

“Нисбати 7 ронанда бо далели бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудан, 3 ронанда – насби таҷҳизоти садодиҳанда бо садои гӯшхарош, 1 ронанда – дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина, 3 ронанда – бе рақами давлатӣ гаштугузор намудан, инчунин 43 нафар – қоидавайронкуниҳои ба таваққуфгоҳ гузоштани воситаи анқлиёт чораҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсат.

Дар маълумоти Раёсат таъкид мешавад, ки аксарияти қонуншиканиҳо аз ҷониби ронандагони ҷавон барои “худнамоишдиҳӣ” содир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...