Оилаҳои камбизоати Тоҷикистон 500 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд

То охири соли 2021 ба 165 ҳазор хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон 500 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, имсол бо Бонки ҷаҳонӣ “Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” Созишномаи дуюми иловагӣ ба имзо расид. Тибқи нақша […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То охири соли 2021 ба 165 ҳазор хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон 500 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, имсол бо Бонки ҷаҳонӣ “Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” Созишномаи дуюми иловагӣ ба имзо расид. Тибқи нақша он 165 ҳазор хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоатро фаро хоҳад гирифт, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 млн. сомониро ташкил мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорат, дар марҳилаи аввал, яъне аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба ҳудуди 70 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кудакони синни то 3  сола доранд, расонида шуд.

Ҳамин тавр, дар моҳи августи соли ҷорӣ ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони синни то 7-сола доранд, моҳи сентябр-октябри соли ҷорӣ – ба 56 ҳазор оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони хурдсол, инчунин оилаҳое, ки занҳо сардори оила буда, дар ҳайати худ кӯдакони синни аз 7 то 16-сола доранд,  дар моҳи ноябр-декабри соли ҷорӣ  – ба 25 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби синни то 18-сола доранд, кумакпулӣ дода шуд.

Интихоби оилаҳои камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар заминаи механизми амалкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ мегардад.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки кумакпулии молиявӣ барои киҳо таъин шудаасту чӣ гуна метавон онро гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ, кумакпулии якдафъаина ба оилаҳое расонида мешавад, ки дар пойгоҳи ягонаи иттилоотии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ба сифати гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ сабти ном шудаанд.

Барои гирифтани кумак шахси ниёзманд бояд ба кумитаи маҳал, ҷамоат ё Раёсати манзилию истифодабарӣ ариза навишта, чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:

– маълумотнома (справка) дар бораи таъини кумаки унвонии иҷтимоӣ;

– маълумотнома дар бораи даромад ва амволи аъзои оила;

– маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи аризадиҳанда;

– нусхаи шиносномаҳои аъзои калонсоли оила, шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуди фарзанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи корношоямӣ (агар дар оила шахси маъюб бошад).

Варақаҳои намунаи тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳои зикршуда бепул дар кумитаҳои маҳал, ҷамоат ё Раёсати манзилию истифодабарӣ дода мешаванд.

Сипас ин маълумот дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳокимиятҳои иҷроияи маҳаллӣ ба компютер ворид карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.