Поёни ҷаласаи 5-рӯзаи топографҳои Тоҷикистону Қирғизистон. Аммо ҷузъётро шарҳ намедиҳанд

Аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабарнома иттилоъ дод. Манбаъ, менависад, ки пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор  имзо гардид. Дар бораи ҷузъияти […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабарнома иттилоъ дод.

Манбаъ, менависад, ки пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор  имзо гардид. Дар бораи ҷузъияти протокол ВКХ хабар намедиҳад.

– Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд,-менависад ВКХ.

Ба навиштаи манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудааст.

Тоҷикистон ҷузъиёти ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро тибқи як созишнома, барои расонаҳо шарҳ намедиҳад.

Аммо баъзе аъзои комисия ва намояндагони кишвари ҳамсоя борҳо ҷузъиёти ин нишастҳоро барои расонаҳояшон ифшо кардаанд. Охирин бор дар мавриди ҷузъиёти  кори ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ узви комиссияи ҳукуматии таъину аломатгузории марз аз ҷониби Қирғизистон Абдулат Мирзоев дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар дода буд.

Хабаргузориҳои қирғизӣ аз қавли ӯ навишта буданд, ки дар се ҷаласаи охирини гурӯҳи корӣ 40 километр марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян карда шудааст.

Ӯ гуфта буд, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи август пешбинӣ шудааст ва эҳтимол  ҷаласаи охире, ки дар Душанбе баргузор шуд, дар назар дошт.

Қаблан Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки хати лоиҳаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз нуқтаи сарҳади №43 то нуқтаи сарҳади №61 ва аз нуқтаи сарҳади №135 то нуқтаи сарҳадии №141 муайян кунанд.

Чанде пеш, дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез ба хулосаи воҳиде наомадаанд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр буда, 519 километри он мушаххас шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.