Олмон ба Тоҷикистон миқдори навбатии AstraZeneca мефиристад

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи кумаки аз ҷониби Олмон ваъдашуда ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта  ваксинаҳои зидди коронавирус мегиранд. Дар ин бора муовини намояндаи расмии Олмон Улрике Деммер рӯзи душанбе, 9 август дар Берлин изҳори назар кард, хабар медиҳад DW. Ба гуфтаи ӯ, ба Тошканд ва Душанбе мутаносибан 355 200 ва 100 800 воя (доза)-и ваксина […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи кумаки аз ҷониби Олмон ваъдашуда ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта  ваксинаҳои зидди коронавирус мегиранд. Дар ин бора муовини намояндаи расмии Олмон Улрике Деммер рӯзи душанбе, 9 август дар Берлин изҳори назар кард, хабар медиҳад DW.

Ба гуфтаи ӯ, ба Тошканд ва Душанбе мутаносибан 355 200 ва 100 800 воя (доза)-и ваксина ҷудо мешавад. Кай ба ин кишварҳо расонидани ваксинаҳо ҳоло маълум нест.

Ба дигар кишварҳо – Судон (357 600), Эфиопия (271 200) ва Афғонистон (213 600) низ ваксина дода мешавад.

Дар бораи то охири сол дар навбати аввал таъмин кардани кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо 30 млн вояи ваксин аз ҷониби Олмон 21 май зимни Нишасти глобалӣ оид ба тандурустӣ дар Рим қарор қабул шуд.

Ба гуфтаи Деммер, гирандагон кишварҳое хоҳанд буд, ки дар онҳо тибқи арзёбии СҶТ ва GAVI, эҳтиёҷ ба ваксина махсусан зиёд буда, дар он ҷо доруҳои мувофиқ фавран ба сифати як қисми маъракаи эмкунӣ истифода мешаванд.

Таъминот пеш аз ҳама тавассути механизми глобалии COVAX, ки ҳадафи он таъмини дастрасии баробар ба ваксинаҳои бехатар ва муассир пас аз дастрасии иҷозатнома ва сабти ном мебошад, сурат мегирад.

Дорувории тиббии истеҳсоли Британия ва Шветсия – AstraZeneca дар доираи қарордод бо Лондон ба Берлин дастрас шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, шумори сироятёфтагон аз оғози пандемия дар Ӯзбекистон 137 491 нафарро ташкил дода, 934 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Дар Тоҷикистон ин рақамҳо, тибқи маълумоти расмӣ, мутаносибан ба 15 651 ва 122 нафар баробар аст.

Як қатор коршиносон бар ин назаранд, ки сатҳи воқеии сироятёбӣ дар ин ду давлат метавонад аз сатҳи расмӣ ба таври назаррас фарқ кунад.

Ёдрас мекунем, ки то ҳол ба Тоҷикистон се навъи ваксина оварда шудааст: AstraZeneca-и бритониёӣ, CoronaVac-и чинӣ ва Moderna аз ИМА.

Илова бар ин, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, 3 ҳазор вояи ваксинаи русии Спутник V ба беморхонаи ҳукуматӣ оварда шуда, бо он аъзои ҳукумат ваксина гирифтаанд.

То 4 август 1 млн 13 ҳазору 808 нафар дар Тоҷикистон ваксина гирифтаанд. Бо ҳар ду вояи он 80 ҳазору 250 нафар эм карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.