Ордени “Шараф”, нависандаву ҳофизи халқӣ, корманди шоиставу хидмати шоиста: ҷоизаву унвонҳои давлатӣ ба 120 нафар

Имрӯз, 18 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ин қадрдонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, супорида шуд. Ҳарчанд дар хабари […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 18 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ин қадрдонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, супорида шуд.

Ҳарчанд дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур ному насаби ҷоизабурдаҳо оварда нашудааст, аммо аз аксҳое, ки ин ниҳод нашр кардааст, дида мешавад, ки дар миёни ҷоизабурдаҳо раисони се вилояти Тоҷикистон, бархе мансабдорони ҳозиру собиқи кишвар, вакилони порлумон, сафирону дипломатҳо ва омӯзгорону олимони ҷавон ва дигар чеҳраҳои фарҳангӣ, ниҳз ҳастанд.

Ба навиштаи Хадамоти матбуот, беш аз 120 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ унвон дода шуд. Аз ҷумла, 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, 12 нафар барандани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардида, бори аввал, ба 15 нафар омӯзгори беҳтарин ҷоизаи олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.