Толибон ваъда доданд, ки ба Панҷшер кордор намешаванд

Намояндаи толибон Муҳаммад Наим дар бораи нақшаҳояшон нисбати вилояти Панҷшер, ки ягона минтақаи берун аз назорати онҳо боқӣ мондааст, изҳори назар кард, хабар медиҳад Sputnik. Вай ба расонаҳои Афғонистон гуфт, Панҷшер як мушкили печида нест ва роҳи ҳалли низомӣ надорад. "Хостори онем, ки ин масъала бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад. Ягона орзуи мардум хотима додан […]

Намояндаи толибон Муҳаммад Наим дар бораи нақшаҳояшон нисбати вилояти Панҷшер, ки ягона минтақаи берун аз назорати онҳо боқӣ мондааст, изҳори назар кард, хабар медиҳад Sputnik.

Вай ба расонаҳои Афғонистон гуфт, Панҷшер як мушкили печида нест ва роҳи ҳалли низомӣ надорад.

"Хостори онем, ки ин масъала бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад. Ягона орзуи мардум хотима додан ба ҷанг дар кишвари мо буд", – гуфтааст Наим.

Муҳаммад Наим изҳор доштааст, ки онҳо талош хоҳанд кард, то масъалаи охирин вилояти беназорат бо роҳи осоишта ҳал шавад. Ӯ Бадахшону Балхро мисол овардааст, ки дар он тағйири қудрат бидуни талафот сурат гирифт.

Панҷшер ягона вилоят дар Афғонистон аст, ки ҳеҷ яке аз 7 ноҳияаш ба дасти Толибон нагузаштааст ва нирӯҳои зидди Толибон бо сарварии Аҳмад Масъуди хурдӣ, писари қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин ҷо мутамарказ шудаанд.

Аҳмад Масъуд, фарзанди яке аз фармондеҳони шинохтаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз як рӯзи аз ҷониби толибон тасарруф шудани Кобул ва парокандагии давлат, аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки ба мубориза зидди толибон сарҷамъ шаванд. Даъвати Аҳмад Масъуди хурдиро маҷаллаи «La Règle du Jeu» нашр кард.

“Ман ва ҳаммаслаконам ба додани хуни худ омодаем. Аз ҳамаи афғонҳои озодихоҳ, ки бандагиро намепазиранд, даъват мекунем, ки ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озод дар сарзамини азиятдидаи мо бипайванданд”, – навишт Аҳмад Масъуд.

Ҳамзамон дар яке аз мусоҳибаҳои ахири худ Аҳмад Масъуди хурдӣ гуфт, ки агар Толибон воқеан оромии кишварро мехоҳанд, барои оштӣ бо онҳо омода аст.

"Шубҳае нест, ки сулҳ маънои паси сар мондани гузашта ва сохтани Афғонистони ягона аст", – иброз доштааст вай.

Ӯ илова намудааст, ки барои ҳифзи идеалҳо ва амалӣ сохтани орзуҳои падараш, омода аст аз гирифтани қасди ӯ даст кашад.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, ки худро сарвари нави давлати Афғонистон эълон кард, толибонро аз ноҳияи Чарикар дар музофоти Парвон берун карданд. Парвон дар шимолии пойтахти Афғонистон воқеъ аст, хабар медиҳад РИА Новости.

Тибқи маълумоти чанде аз манбаъҳо, худи Солеҳ низ дар Панҷшер қарор дорад.

Ҳамчунин маълум шуд, ки 10 ҳазор хизматчиёни низомии артиши Афғонистон таҳти фармондеҳии генерал Абдул-Рашид Дӯстум низ ба ин ноҳия сафарбар мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.