Тоҷикистон иҷозат гирифт: 14 парвоз дар як ҳафта ба Русия

Аз 27 августи соли равон дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс 14 парвози мустақим анҷом идода мешавад. Дар ин бора, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба “Азия плюс хабар дод. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ба ғайр аз ин, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кўлоб ба фурудгоҳҳи байналмилалии Федератсияи Русия, ки […]

Аз 27 августи соли равон дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс 14 парвози мустақим анҷом идода мешавад. Дар ин бора, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба “Азия плюс хабар дод.

Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ба ғайр аз ин, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кўлоб ба фурудгоҳҳи байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.

Икром Субҳонзода гуфт, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад.

Аз ин пештар дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе дар як ҳафта 4 парвоз анҷом дода мешуд

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пештар, расонаҳои русӣ бо такя ба Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия хабар дода буданд, ки ин кишвар аз 27 августи соли равон шумораи парвозҳои мустақимашро ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Он замон Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон гуфта буд, ҳоло чизе маълум нест.

Хабаргузории “ТАСС” навишта буд, ҳафтае 7 парвоз аз Маскав ба Бишкек ва Душанбе имконпазир хоҳад шуд.

– Илова бар ин, аз як қатор шаҳрҳои Русия ба пойтахти Қирғизистон ва инчунин аз Русия ба фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар як ҳафта як парвоз иҷозат дода мешавад, – навишта буд хабаргузории мазкур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.