27 август: Русия парвозҳои мустақим бо Тоҷикистонро зиёд мекунад

Расонаҳои русӣ бо такя ба Ситоди  мубориза бо коронавирус дар Русия хабар медиҳанд, ки ин кишвар аз 27 августи соли равон шумораи парвозҳои мустақимашро ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Вале Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло чизе маълум нест. Хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, ки Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Расонаҳои русӣ бо такя ба Ситоди  мубориза бо коронавирус дар Русия хабар медиҳанд, ки ин кишвар аз 27 августи соли равон шумораи парвозҳои мустақимашро ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Вале Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло чизе маълум нест.

Хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, ки Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи парвозҳои мустақими Русия бо Маҷористон, Кипр, Қирғизистон ва Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳафтае 7 парвоз аз Маскав ба Бишкек ва Душанбе имконпазир хоҳад шуд.

– Илова бар ин, аз як қатор шаҳрҳои Русия ба пойтахти Қирғизистон ва инчунин аз Русия ба фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар як ҳафта як парвоз иҷозат дода мешавад, – менависад хабаргузории мазкур.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло чизе маълум нест.

"Мо ягон огоҳӣ нагирифтаем. То ҳол мактуби расмӣ ҳам равон накардаанд",- гуфтанд аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс".

Ба гуфтаи манбаъи мо дар ин ниҳод, дар чунин мавридҳо, Русия бояд онҳоро ба василаи мактуб огоҳ кунад.

Ёдовар мешавем, мудири Оҷонсӣ Икром Субҳонзода, рӯзи 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки танҳо дубора  оғоз шудани парвозҳои мунтазам ба Русия метавонад нархи парвозҳои ҳавоӣ ба ин кишварро коҳиш диҳад.

Дар ҳоли ҳозир арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия аз Самарқанд, Тошканд, Ӯш ва Бишкек назар ба нархҳо аз Тоҷикистон ба ин кишвар, ду маротиба арзонтар аст. Дар ин робита шаҳрвандони Тоҷикистон барои расидан ба шаҳрҳои Русия аз фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Субҳонзода, пеш аз пандемия ба шаҳрҳои Русия дар як ҳафта то 34 парвози мустақим анҷом дода мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.