Як ҳавопаймои неруҳои мусаллаҳи Афғонистон дар Сурхондарёи Ӯзбекистон суқут кардааст

Расонаҳои Ӯзбекистон аз суқути як ҳавопаймои низомии марбут ба неруҳои мусаллаҳи Афғонистон дар ҳудуди ин кишвар хабар медиҳанд.  Ба навиштаи ин расонаҳо,  шоми 15-уми август як ҳавопаймои дорои нишонаҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар вилояти Шерободи Сурхондарёи Ӯзбекистон суқут кардааст. Аммо ба навиштаи Gazeta.uz ҳоло вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифои Ӯзбекистон дар ин маврид расман […]

Расонаҳои Ӯзбекистон аз суқути як ҳавопаймои низомии марбут ба неруҳои мусаллаҳи Афғонистон дар ҳудуди ин кишвар хабар медиҳанд.  Ба навиштаи ин расонаҳо,  шоми 15-уми август як ҳавопаймои дорои нишонаҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар вилояти Шерободи Сурхондарёи Ӯзбекистон суқут кардааст. Аммо ба навиштаи Gazeta.uz ҳоло вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифои Ӯзбекистон дар ин маврид расман бо расонаҳо чизе нагуфтаанд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, дар шабакаи интернет аксҳо ва наворҳои видеоӣ паҳн шуд, ки дар он қисмҳои ҳавопаймо ва ҳадди ақал як осебдида нишон дода шудааст. Гуфта мешавад ин ҳавопаймо бо нишони Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шаби 15-уми август дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё суқут кардааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифои Узбакистон дар мавриди суқути ҳавопаймо шарҳе надодаанд ва гуфтаанд “вазъро меомӯзем.”

Аммо хабаргузории Gazeta.uz такя ба манбаъҳои худ дар Сурхондарёи Ӯзбекистон навиштааст, ки дар пайи суқути ҳавопаймо ду низомии афғон дар филиали Термизи Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ бистарӣ шудаанд. Гуфта мешавад қисме аз нафарони дар ҳавопаймо буда тавонистаанд бо парашют худро берун аз ҳавопаймо кашида наҷот ёфтаанд. Аммо дар мавриди он, ки дар ҳавопаймо чанд нафар буданд чизе гуфта нашудааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ки асосан ба манбаъҳояш такя кардаву аз онҳо ном наовардааст, як рӯз пеш аз ҳодиса се сарбози дигари афғон ба ин муассисаи тиббӣ интиқол ёфта буданд. Вазъи панҷ шаҳрванди Афғонистони дар бемористони Ӯзбекистон бистарӣ шуда миёна арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад дар радифи афғонҳо як низомии Ӯзбекистон низ дар ин бемористон бистарӣ шудааст ва вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мегардад. Аммо маълум нест, ки оё бистари шудани ин низомии ӯзбек оё ба суқути ҳавопаймои низомии Афғонистон рабт дорад ва ё не.

Ду рӯз пеш санаи 14-уми август Ӯзбекистон 84 низомии афғонро, ки марзро убур кардаанд қабул кард ва ба онҳо кӯмаки тиббт расонидааст. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст, бо ҷониби Афғонистон гуфтушунид доранд ва масъалаи баргардонидани ин низомиёнро баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.