Акмал Қодиров ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Паралимпиадаи Токио

Варзишгари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба армрестлинг Акмал Қодиров ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Паралимпии Токио мебошад, ки аз 24 август то 5 сентябр баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ӯ дар мусобиқаҳои варзиши сабук –  гулулапартоӣ иштирок мекунад. Варзишгарро аз лиҳози молиявӣ ширкати «Formula 55» дастгирӣ кард. Пеш аз парвоз ба Ҷопон Акмал Қодиров изҳор […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Варзишгари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба армрестлинг Акмал Қодиров ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Паралимпии Токио мебошад, ки аз 24 август то 5 сентябр баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо ӯ дар мусобиқаҳои варзиши сабук –  гулулапартоӣ иштирок мекунад.

Варзишгарро аз лиҳози молиявӣ ширкати «Formula 55» дастгирӣ кард. Пеш аз парвоз ба Ҷопон Акмал Қодиров изҳор дошт, ки ҳадафи аслиаш ба даст овардани медали Паралимпиада аст.

Акмал соли 2014 дар Лаҳистон (Полша) қаҳрамони ҷаҳон шуда, дар дигар мусобиқаҳои сатҳи байнулмилалӣ ва минтақавӣ низ борҳо пирӯзӣ ба даст овардааст.

Акмалро дар Токио мураббияш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ҳамроҳӣ мекунанд.

Барои иштирок дар Паралимпиадаи Токио боз як варзишгари дигар – пауэрлифтерчӣ Парвиз Одинаев низ бояд роҳ меёфт, лекин Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ натиҷаҳо, аз ҷумла натиҷаҳои ӯро низ бозбинӣ намуда, ӯро ба бозиҳо роҳ надод. Одинаев дар Бозиҳои паралимпии солҳои 2004 ва 2012 ширкат варзидааст.

Мусобиқаҳо дар доираи Паралимпиада дар ҳамон майдонҳое, ки пештар дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2020 истифода шуданд, сурат мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои XV Паралимпии Рио-2016 низ Тоҷикистонро як варзишгар – Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндагӣ карда буд.

Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин Тоҷикистонро ду варзишгар дар мусобиқаи пауэрлифтинг – Зайтуна Розиқова (48 кг) ва Хайрулло Абдураҳимов (67,5 кг) намояндагӣ карданд. Зайтуна зинаи нуҳумпро ишғол намуда, Абдураҳимов бинобар сабаби солимиаш рақобат карда натавонист.

Дар Бозиҳои паралимпии Токио-2020 4,5 ҳазор нафар варзишгарон дар 22 навъи варзиш рақобат мекунанд. Аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистонро 20 варзишгар, Қазоқистонро – 7 варзишгар ва  Қирғизистонро – 2 варзишгар намояндагӣ карда, Туркманистон дар ин Бозиҳо намоянда надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.