Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай бо ҷамъе аз бузургони Панҷшер мулоқот кардаанд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон ва Ҳодмид Карзай, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо ҷамъе аз бузургони Панҷшер мулоқот кардаанд. Дар бора Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст. Аммо Абдуллоҳ нагуфтааст, ки ин дидор дар куҷо сурат гирифтааст: дар Кобул ё Панҷшер, танҳо навиштааст "суҳбат ва табодули назар бо […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон ва Ҳодмид Карзай, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо ҷамъе аз бузургони Панҷшер мулоқот кардаанд.

Дар бора Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст. Аммо Абдуллоҳ нагуфтааст, ки ин дидор дар куҷо сурат гирифтааст: дар Кобул ё Панҷшер, танҳо навиштааст "суҳбат ва табодули назар бо уламо, бузургон ва фармондеҳони  вилояти Панҷшер". 

Аз чеҳраҳои пурнуфузи Панҷшер дар ин аксҳо ҳеч касе дида намешавад, танҳо Адиб Фаҳим, писари шодравон моршол Қасим Фаҳим, муовини пешини раёсатҷуҳурии Афғонистон дида мешавад.

Ҳамчунин Абдуллоҳ Абдуллоҳ нагуфтааст, ки дар ин мулоқот баҳс сари чӣ будааст.

Ин дидор дар ҳоле сурат мегирад, ки Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд ҳаамаи неруҳои мухолиф ба Толибонро дар панҷшер гирд овардааст ва мехоҳад дар баробари Толибон муқовимат кунад.

Аҳмад Масъуд бо нашри як мақола дар нашрияи "Вошингтан пост" аз кишварҳои ҷаҳонӣ хоста буд, ки ӯ ва ҳамроҳонашро дар ин кор ёрӣ кунанд.

Баъди суқути Кобул ба дасти Толибон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳодмид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр аз ташкили як Шӯрои ҳамоҳангсози интиқлои мусолиматомези қудрат хабар доданд, ки то кунун кори ин ниҳод ҳеч натиҷаи мушаххасе надоштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.