«Ҳоло муайян нест». Афғонистонро дар ҷаласаи душанбегии СҲШ кӣ намояндагӣ мекунад?

Date:

То ҳол муайян нест, ки Афғонистонро дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки интизор меравад моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, кӣ намояндагӣ мекунад: Толибон ё ҳукумати фалаҷшудаи Афғонистон.

Афғонистон, ки дар СҲШ ҳамчун мақоми кишвари нозирро дорад, тибқи муқаррарот бояд дар ҷаласаҳои ин созмони ширкат кунад.

Як мақоми баландпоя аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” кӯтоҳак гуфт, ки ин мавзуъ то ҳол ниҳоӣ нашудааст ва мо кор бурда истодаем корбарӣ идома дорад.

“Ҳоло муайян нест, ки дар ҷаласаи душанбегии СҲШ ин кишварро кӣ намояндагӣ хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол яке аз мақомҳои дипломатии Сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” мегӯяд, ки омодагиҳо барои ҳузури намояндаи Афғонистон дар нишасти сарони СҲШ дар моҳи сентябри соли 2021 аз моҳи апрел оғоз шуда буд, аммо суқути ҳукумати Кобул ва ба дасти Толибон расидани идораи давлат, ин омодагиҳоро ба сифр баробар кард.

Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло Тоҷикистон мунтазири посухи Кобул аст, вале ин посух аз чӣ васила мерасад, мо дар ҷараён нестем.

Ҳарчанд бештар аз як ҳафта мешавад, ки Толибон ҳукумати Кобулро ба даст гирифтаанд, вале то кунун эълони ҳукумат накардаанд ва кишварҳои ҷаҳон низ то кунун ин  гуруҳро ба расмият нашинохтаанд.

15-уми сентябо, рӯзе, ки гуфта мешуд Толибон ба Кобул ворид мешаванд, президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ фирор кард ва баъди чанд рӯз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз худ дарак дод.

Вазири хориҷиаи Афғонистон Муҳаммад Ҳанифи Атмар ҳам ба хориҷи кишвар рафтааст, ки ҳоло гуфта мешавад дар Ҳинд қарор дорад.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло дар дохили Афғонистон, дар Панҷшер қарор дорад, ду рӯз пас аз фирори Ғанӣ, эълон кард, ки бар асоси Қонуни Асосии ин кишвар, дар сурати фирор, марг ва бемории раисҷумҳур,  ӯ сарпарасти раёсатҷумҳурии Афғонистон аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...