Сухангӯйи “Толибон” аз муҳосираи Панҷшер хабар дод

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Тветиттераш навиштааст, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст. Аммо то кунун Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба ин навиштаи Толибон посухе надодаанд. Ин твитти Муҷоҳид, як соат пештар нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад Аморати […]

Asia-Plus

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Тветиттераш навиштааст, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.

Аммо то кунун Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба ин навиштаи Толибон посухе надодаанд.

Ин твитти Муҷоҳид, як соат пештар нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад Аморати исломӣ талош дорад, то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад.

"Вулусволиҳои Бану, Пули Ҳисор ва Деҳ Салоҳи Бағлон ба гунаи комил аз вуҷуди душмани шарир тасфия гардид. Муҷоҳидин аз истиқоматҳои Бадахшон, Тахор ва Андароб дар наздикии Панҷшер мустақар шудаанд. Шоҳроҳи Соланг боз аст ва душман дар дохили Панҷшер таҳти муҳосира қарор дорад. Имороти исломӣ талош дорад то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад",-навиштааст сухангӯйи Толибон.

Ҳарчанд то кунун назари Аҳмади масъуд ва афроди наздик ба ӯ то кунун дар ин бора мушаххас нест, вале ӯ дирӯз гуфта буд, ки агар Толибон ба Панҷшер ҳамла кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард. 

Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Арабия" гуфт, барои идораи кишвар як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул лозим аст, ки "Толибон" низ бахше аз он хоҳад буд. "Аммо агар гурӯҳи "Толибон" музокиротро рад кунад, эҳтимол дорад, ки даргириҳо сурат бигирад."

Ӯ инчунин гуфт, нерӯҳои давлатии зидди "Толибон" аз чандин вилояти кишвар ба Панҷшер омадаанд ва ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" пайвастаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" низ аз қавли ин раҳбари ҷабҳа гузориш додааст, ки ӯ умед дорад, гуфтугӯҳои сулҳ бо "Толибон" ба натиҷа бирасад, аммо дар айни ҳол омодаи ҷанг бо ин гурӯҳ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.