Русия низомиёни амрикоиро дар Осиёи Марказӣ дидан намехоҳад

Маскав намехоҳад, ки низомиёни амрикоиро дар Осиёи Марказӣ бубинад, зеро Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) фазои ягонаи амниятӣ дорад. Тавре Коммерсант хабар медиҳад, пас азгуфтушунид бо ҳамтои худ аз Маҷористон (Венгрия) дар Будапешт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин робита изҳор намудааст, ки бо тарки Афғонистон, ИМА мехоҳад қисмате аз зербино, аслиҳа ва […]

Asia-Plus

Маскав намехоҳад, ки низомиёни амрикоиро дар Осиёи Марказӣ бубинад, зеро Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) фазои ягонаи амниятӣ дорад.

Тавре Коммерсант хабар медиҳад, пас азгуфтушунид бо ҳамтои худ аз Маҷористон (Венгрия) дар Будапешт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин робита изҳор намудааст, ки бо тарки Афғонистон, ИМА мехоҳад қисмате аз зербино, аслиҳа ва низомиёни худро дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ҷойгир кунад.

“Ин ба онҳо дар оянда имкон медод, ки дар сурати зарурат ва “зоҳир шудани рафтори бад” ба қаламрави Афғонистон зарба зананд”, – гуфтааст вай.

Лавров гуфтааст, ба фикраш Wall Street Journal пурсидааст, ки оё Русия мехоҳад сарбозони амрикоиро дар Осиёи Марказӣ бубинад?

“Не Аввалан, мо як фазои амниятии муштарак дорем ва ин фазо ӯҳдадориҳои худро дорад. Ман СААД-ро дар назар дорам, ки дар масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар қаламрави онҳо розигии ҳама иттифоқчиёнро пешбинӣ мекунад", – гуфтааст Лавров зимни нишасти матбуотӣ.

Қаблан газетаи The Wall Street Journal хабар дода буд, ки президенти Русия Владимир Путин дар ҳамоиши моҳи июн дар Женева ба ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден гуфта буд, ки Русия ва Чин мухолифи ҳузури низомии ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.