Қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмонҳои Душанбе риоя мешаванд?

На дар ҳама ҷо бинокорон кулоҳ доранду ҳатто ҷое камарбандҳои бехатарӣ зимни корҳои васлу насб дида намешаванд. Бино ба маълумоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи истеҳсолот 35 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 17 нафар ҳалок ва 18 коргар […]

На дар ҳама ҷо бинокорон кулоҳ доранду ҳатто ҷое камарбандҳои бехатарӣ зимни корҳои васлу насб дида намешаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи истеҳсолот 35 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 17 нафар ҳалок ва 18 коргар осеб дидаанд. Ба оилаҳои онҳо ба маблағи ҳудуди 598 ҳазор сомонӣ кумак карда шудааст.

Сабабҳои асосии фоҷиаҳо маъмулианд – ҳеҷ касе бо сохтмончиён дастурҳои оддии бехатариро намефаҳмонад, қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат риоя намешаванд, дар ҷойҳои корӣ шароити бехатар фароҳам оварда нашудааст ва боз дигар сабабҳо.

Моликони сохтмонҳо маъмулан таҷҳизоти муҳофизатӣ намехаранд. Корманд бо хоҳишаш худашро бо онҳо таъмин мекунад, аммо аксарият, албатта, намехоҳанд, ки барои ин пул харҷ кунанд.

Боз як мушкилие, ки мақомоти шаҳр ба он кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, бо панҷара иҳота нашудани баъзе иншооти сохтмон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...