Тоҷикистон интиқоли барқро ба ҳамсояҳо хеле зиёд кард. Аз ҷумла ба Афғонистон

Date:

Давоми 7 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 55 млн доллар неруи барқ содир намуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (маблағаш зиёда аз 44 млн доллар) ин нишондиҳанда ба андозаи 25% зиёдтар мебошад.

Тайи моҳи ахир Тоҷикистон аз интиқоли барқ ба хориҷи кишвар ҳудуди 18 млн доллар маблағ ба даст овард, ки сеяки ҳамаи барқи аз оғози сол содиршударо ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 56,4 млн доллар неруи барқ содир намуда, ки 40% камтар нисбат ба соли 2019 буд. Сабаби ин камбуди шадиди барқ дар дохили кишвар бар асари камобӣ маънидод шуд.

Бо вуҷуди тасарруфи қисмати зиёди шимоли Афғонистон аз ҷониби “Толибон”, айни замон Тоҷикистон ба ин кишвар ва Ӯзбекистон неруи барқ содир мекунад.

Қаблан аз Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки сарфи назар аз вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, интиқоли барқ ба ин кишвар қатъ нашудааст.

Дар Вазорат зикр карданд, ки дар қарордод бо Афғонистон оид ба интиқоли барқ дар соли 2021, содироти ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ ба ин давлат пешбинӣ шудааст.

“То ин дам ягон қафомонӣ аз ҷадвали интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя ба мушоҳида нарасида, содирот мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад”, – гуфта буданд дар Вазорати энергетика.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 12,1 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Ҳудуди 93% барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳаҷми боқимонда дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...