Рустами Эмомалӣ бо намояндаи БҶ масъалаи таъмини пойтахт бо обро баррасӣ кард

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)-ро таҳти сарварии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфт. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор […]

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)-ро таҳти сарварии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳукумати шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.

Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.

“Дар сурати сари вақт амалӣ намудани Лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовобҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.

Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони "Иншооти обтозакунии Варзоб" бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои шаҳрдорӣ ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи КВД "Шаҳри ҳушманд (Smart City)" баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳару ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.