Чин барои Тоҷикистон боз ваксина мефиристад

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 август масоили таҳвили ваксинаи зидди коронавируси истеҳсоли Чин баррасӣ шуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни вохӯрӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин таваҷҷуҳи ӯро ба ин масъала ҷалб намуд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи […]

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 август масоили таҳвили ваксинаи зидди коронавируси истеҳсоли Чин баррасӣ шуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни вохӯрӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин таваҷҷуҳи ӯро ба ин масъала ҷалб намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Чин ба Тоҷикистон ройгон зиёда аз 2 млн воя (доза)-и ваксинаи зидди коронавируси CoronaVac дода буд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуда, вояи дуюми онро беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V"-и Русия, Sinovac-CoronaVac-и Чин, AstraZeneca-и аз ҷониби Шветсия пешниҳодшуда (ба Vaxzevria табдили ном кард) ва Moderna-и ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.