Гирдиҳамоии занони афғони Тоҷикистон бар зидди Толибон

Назди бинои сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон занону кӯдакони зиёде бо шиорҳои мухталиф дар даст ҳамрайъии худро бар зидди амалкарди Толибон баён карда истодаанд. Руҳияи мардум хуб аст. “Садои мо дарду ғами мардуми моро ба Афғонистон нишон медиҳад. То вақте ки ҳуқуқи занон риоя нашавад, мо ором намешавем. Мо озодӣ мехоҳем. Зинда бод Афғонистон! Зинда бод […]

Asia-Plus

Назди бинои сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон занону кӯдакони зиёде бо шиорҳои мухталиф дар даст ҳамрайъии худро бар зидди амалкарди Толибон баён карда истодаанд. Руҳияи мардум хуб аст.

“Садои мо дарду ғами мардуми моро ба Афғонистон нишон медиҳад. То вақте ки ҳуқуқи занон риоя нашавад, мо ором намешавем. Мо озодӣ мехоҳем. Зинда бод Афғонистон! Зинда бод Аҳмади Масъуд. Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат. Аз байрақи серанги худ дифоъ мекунем”, – навишта шудааст дар шиорҳои ҷамъомадагон.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз ҷамъшавӣ ва баёни эҳсоси онҳо нисбати Афғонистон хушнудӣ изҳор намуд.

“Занони Афғонистон дар ин кишвар ҷойгоҳи махсус доранд Толибон ба интихобот, ба ҳуқуи зан эътимод надоранд. Толибон ба модару хоҳар арзиш надоранд. Модарону хоҳарон мехоҳанд ки дар ҳукумати қонунӣ кор кунанд. Онҳо мехоҳанд ки ҳуқуқи онҳо ҳифз шавад ва баробари мардон фаъолият кунанд. Вале аз ҷониби Толибон ин тазоҳурот бо гулӯла посух дода мешавад. Мо аз муқовимат ҳимоя мекунем”, – гуфт сафир.

Сафир изҳор дошт, ки “ҳукумате ки ҳоло Толибон таъсис додаанд бояд дар як мадраса таъсис мешуд”.

“Афгонистонро лонаи терроризм насозанд. Ин дард танҳо дарди мардум ва занони Афгонистон нест, ин мариз дучори дигарон мешавад. Умедворем ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон толибонро эътироф намекунанд”, – гуфт ӯ.

Ҷамъомадагон аз СММ дархост намуданд, ки аз ҳуқуқи онҳо дифоъ карда, аз вазъияти Афғонистон чашм напӯшанд. Инчунин аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояҳо кумак дархост шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.