Ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар Нуробод бо иштироки президент

Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт нимаи дуюми рӯзи 20 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Нуробод бо иштироки президент Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳия, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт. Зимни боздид ба Сарвари […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт нимаи дуюми рӯзи 20 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Нуробод бо иштироки президент Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳия, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда,  дар он барои беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Сипас сарвари давлат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод иштирок кард.

Зикр мешавад, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад.

Дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон инчунин корхонаи парандапарварии "Мурғи Нуробод"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи чунин корхона мебошад.

Гуфта мешавад, корхонаи нав барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар оянда "Мурғи Нуробод" имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион тухми мурғро ба фурӯш барорад.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар Шаҳраки Дарбанд президенти кишвар ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.

Иншооти фарҳангӣ дар масоҳати умумии 12,6 гектар дар ду марҳила бунёд мегардад. Нахуст Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти ин иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшид.

Ҳамчунин Пешвои миллат дар боғи мазкур Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузоштанд. Қобил ба зикр аст, ки Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами миллӣ 50 метрро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид намуд. Зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, президенӣ бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.