“Дар кӯдакистон кор мекарданд”. Дар Хуҷанд мактаби хусусии “Файз”- ро бастанд

Фаъолияти мактаби хусусии “Файз” дар шаҳри Хуҷанд аз сабаби бозхонд шудани иҷозатномааш боздошта шуд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд, иҷозатномаи ин муассиса дар асоси мактуби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шудааст. Сухангуйи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод бо интишори вокунише ба баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, “МТУҒ “Мактаби хусусии […]

Фаъолияти мактаби хусусии “Файз” дар шаҳри Хуҷанд аз сабаби бозхонд шудани иҷозатномааш боздошта шуд.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд, иҷозатномаи ин муассиса дар асоси мактуби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шудааст.

Сухангуйи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод бо интишори вокунише ба баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, “МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” дар қисмате аз бинои собиқ кӯдакистони рақами 32 фаъолият мекард ва талаботҳои меъёрии иҷозатномаи додашударо дағалона вайрон намудааст.”

“Мактуби Шӯъбаи маориф ба унвони муассиси МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” ва директори муассиса ирсол гардида, ба онҳо дастур дода шуда буд, ки то санаи 30-уми августи соли 2021 хонандагону омўзгоронро ба дигар муассисаҳои дилхоҳашон интиқол диҳанд. Оид ба ин масъала ҳам тариқи хаттӣ ва ҳам даҳонӣ маъмурияти муассиса борҳо огоҳ карда шуда буд, аммо мутассифона онҳо аз ин ҳолати ба амал омада ба таври пурра падару модаронро огоҳ накарданд.”- омадааст дар вокуниши сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд.

Як манбаъ аз мактаби хусусии “Файз” бидуни зикри ном дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз субҳи 20-уми сентябр хонандагонро барои таҳсил дар ин мактаб иҷозат надоданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо давоми чанд моҳи охир барои дарёфти иҷозатнома умед доштанд, вале мақомот корро кашол доданд ва якбора дари мактабро бастанд.

“Далели аслӣ дар бинои кӯдакистони давлатӣ фйаъолият карданамон аст, ба мо гуфтанд бояд бинои худро созед. Як ҳафта пеш мо волидайни хонандагонро аз баста шудани мактаб огаҳ карда будем. Садорати мактаб то охирин лаҳза умедвор буданд, ки муассиса фаъолияташро идома медиҳад, вагарна дар оғози моҳи август волидонро огаҳ мекардем. Дар оғози соли хониш якбора бозхондани иҷозатномаи ин муассиса кори хуб нашуд”, – гуфт манбаъ.  

Раёсати маорифи вилояти Суғд низ то ба ҳол ҷузъиёти бештарро дар мавриди якбора бастани фаъолияти ин муассиса шарҳ надодааст. Аммо дар вокуниши сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд гуфта шудааст, ки Шӯъбаи маорифи шаҳр ба омӯзгорон ва хонандагон пешниҳод кардааст, ки фаъолият ва таҳсили худро дар мактаби рақами 22 идома диҳанд.

Манбаъи “Азия-Плюс” аз мактаби хусусии “Файз” мегӯяд, чанд сол пештар мақомот аз маҳаллаи 8-уми Хуҷанд ба ин муассиса замин ҷудо карда буд ва ҳоло сохтмони мактаб барои беш аз 300 хонанда идома дорад. Аммо маълум нест, ки ин бино кай бунёд мешавад ва оё фаъолияти ин муассиса дигарбора барқарор мешавад ё не.  

Мактаби хусусии “Файз” дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, 360 хонанда ва 38 омӯзгор дошт. Таҳсил дар ин мактаб пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шуда буд. Маблағи моҳонаи таҳсил дар ин мактаби барои синфҳои поёнӣ 440 сомонӣ ва синфҳои болоӣ 495 сомонӣ буд ва омӯзгоронаш аз 1000 то 2500 сомонӣ маош мегирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.