Дар Тоҷикистон аввалин тӯйҳои хонадоршавӣ пас аз иҷозаи баргузории он аз ҷоиби Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Сокинони шаҳри Хуҷанд Давронҷон Шерматов ва Мастура Комилҷонова яке аз аввалинҳо шуда, дар тарабхона маросими издивоҷи худро барпо карданд. Арӯсу домод ниқоб пӯшида, онро то охири маросим нигоҳ доштанд.
Мизҳоро дар тарабхона дар масофаи 2 метр гузошта, дар як миз танҳо 6 кас менишастанд. Вақти даромадан ба тарабхона дастҳои меҳмонон бо маҳлул поккорӣ мешуданд.
Тарабхонае, ки дар он тӯй баргузор шуд, якуним моҳ инҷониб фаъолият намекард, лекин баъди барқарор шудани кор ҳам фармоишҳо каманд.
“Одамон муроҷиат мекунанд, – мегӯяд молики тарабхона Маҳмудҷон Шаҳидов. – Мо ба онҳо талаботи навро оид ба гузаронидани тӯй мефаҳмонем. Онҳо розӣ шуда, мераванд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.