“Толибон” дар бекор кардани таҳримҳои СММ аз Русия кумак хостанд

Агар Русия дар гуфтушунидҳо миёнарав шавад, метавонад ба Афғонистон дар бекор намудани таҳримҳои СММ кумак кунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии кишвар ва намояндаи ҳаракати “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад. "Илова ба кӯмаки Маскав дар бекор кардани таҳримҳо, мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки […]

Агар Русия дар гуфтушунидҳо миёнарав шавад, метавонад ба Афғонистон дар бекор намудани таҳримҳои СММ кумак кунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии кишвар ва намояндаи ҳаракати “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад.

"Илова ба кӯмаки Маскав дар бекор кардани таҳримҳо, мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дар ҳалли мусолиматомези вазъи минтақа ва бахусус Афғонистон, инчунин раванди бозсозии кишвари мо ёрӣ расонанд", – гуфт сухангӯи ҷангҷӯён.

Номбурда илова кардааст, ки Кобул интизор дорад, ки қарорҳои дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амният қабулшуда барои афғонҳо судманд хоҳанд буд.

Охири моҳи август президенти ИМА Ҷо Байден эълом дошт, ки аз ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи “Толибон” ҷонибдорӣ мекунад, аммо қарори ниҳоӣ дар ин бора бар асоси амалҳои “Толибон” қабул хоҳад шуд.

Аввали моҳи сентябр Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки амали дороиҳои молиявии Афғонистон боздошта шавад. Маблағҳои ҳукумати Афғонистон дар ИМА нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи Небензя, ин ба кишвар барои ҳалли мушкилоти башардӯстона кумак хоҳад кард.

“Таназзули минбаъдаи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстона хуб нест. Баръакс, он ногузир боиси ноором шудани вазъият мегардад”, – ишора кард ӯ. Намояндаи Чин Гэн Шуан низ бо чунин ташаббус изҳори назар кард.

Ғайр аз ин, намояндагони Русия, Чин ва Покистон дар мулоқот бо ҳукумати Афғонистон аз муборизаи ин кишвар бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ карданд. Тарафҳо, аз ҷумла рушди равобити иқтисодӣ ва тамомияти қаламрави Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.