Беш аз 370 ҳазор сомониро азхуд кардааст. Боздошти яке аз мақомдорони баландпояи Вазорати фарҳанг

Директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода бо гумони азхудкунии маблағҳои буҷетӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир шудааст. Дар ин бора, маркази матбуотӣ Оҷонсии зиддифасод хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки Шариф Комилзода бо сармуҳосиби “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” Маҳмад Бобоҷонов бо маслиҳати пешакӣ дар давраи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода бо гумони азхудкунии маблағҳои буҷетӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир шудааст. Дар ин бора, маркази матбуотӣ Оҷонсии зиддифасод хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Шариф Комилзода бо сармуҳосиби “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” Маҳмад Бобоҷонов бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.

Оҷонсӣ мегӯяд, оиди ҳолати мазкур нисбати Камолзода ва ҳамроҳони ӯ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Шариф Комилзода 63 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мебошад.

Ӯ дар гузашта, сардори шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андоз, раиси Китобхонаи давлатии бачагона, сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ буд.

Комилзода ҳамчунин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як муддат ҳамчун муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аз соли 2015 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Гуфта мешавад, ки дар сурати тасдиқи айби мазкур Комилзода ва Бобоҷоновро аз 10 то 15 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян то панҷ сол интизор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.