Аҳмад Масъуд: “Куштори дастаҷамъонаи “Толибон” дар Панҷшер ҷиноят алайҳи башарият аст!”

Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд нашри баёнияе куштори золимонаи мардуми мулкӣ ва низомӣ, ғасби дороиҳо ва таҷовуз бар ҳарими мардумро аз сӯи “Толибон” маҳкум намудааст. “Толибон бо идомаи иртикоби ҷароим ва ҷиноёт куштори золимонаи мардуми мулкӣ  ва мансубини низзомӣ, саркубгароӣ  ва эъдомҳои саҳроӣ ғасб ва чаповули дороиҳои ома, таҷовуз бар ҳарими шахсии мардум […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд нашри баёнияе куштори золимонаи мардуми мулкӣ ва низомӣ, ғасби дороиҳо ва таҷовуз бар ҳарими мардумро аз сӯи “Толибон” маҳкум намудааст.

“Толибон бо идомаи иртикоби ҷароим ва ҷиноёт куштори золимонаи мардуми мулкӣ  ва мансубини низзомӣ, саркубгароӣ  ва эъдомҳои саҳроӣ ғасб ва чаповули дороиҳои ома, таҷовуз бар ҳарими шахсии мардум , аъмоли сиёсати табъйиз, таассуб ва таҳаҷҷум ва даҳҳову садҳо норавоиҳои дигар талош доранд, то садои ҳақталабона ва озодихоҳонаи моро хомӯш созанд”, – гуфта мешавад дар баёния.

Дар идомаи Ҷабҳаи муқовимат қатли оми намозгузорон дар масҷиди Қундуз ва кӯчбандиҳои иҷбории мардум, қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Панҷшерро ба дасти “Толибон” наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият унвон карддаст.

“Қатли оми намозгузорон дар масҷиди ҷомеи Сайидободи Қундуз, кӯчдоданҳои иҷбории мардуми мулкӣ аз хонаҳо ва амлокашон, ба вижа дар вилоятҳои Кандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва Андаробҳо нопадидсозии афрод ва қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Панҷшер тавассути “Толибон” ҳама мисдоқҳои рӯшани ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст”, – қайд шудааст дар баёния.

Ҳамчунин Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳо, ниҳодҳои миллӣ ва байнулмиллалӣ дархост намудааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва хатми ҷиноятҳои гурӯҳи терористӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Зимнан дар баёния тавофуқи пинҳоинии  мусолиҳаи миллӣ ва таслимдиҳии ҳукумат тавассути раисҷумҳури фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Толибон хитёнати миилӣ ва сабаби фурӯпошии низом ва аз байнрафтани дастовардҳои мардуми Афғонистон унвон шудааст.

“Тавофуқи пинҳонӣ дар ҷараёни музокира бо Толибон ва зери чатри мусолиҳаи миллӣ, ки мардуми мо ҳаққи донистани онро доштанд, аз як тараф ва таслимдиҳии ҳукумат ба “Толибон” тавассути оқои Ашраф Ғанӣ ва фирори вай бо супурдаҳои мардум , ки мисдоқи хиёнати миллӣ аст, аз ҷониби дигар саббаи фурӯпошии низом, аз байн рафтани дастовардҳои мардум ва суқути кишвар ба домани ифротгароӣ ва тероризми хунхор гардид”,- зикр мегардад дар баёния.

Дар баёния омадааст, ки Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ хостори низоме аст, ки ба раъйи мардум, пружаи машруъ ва қонунӣ рӯйи кор омада бошад.

“Ҷабҳа дар ин роҳ талош дорад то дар ҳамкорӣ бо гуруҳи бузурги нерӯҳои матраҳи кишвар, роҳбарони сиёсӣ ва шахсиятҳои ҷиҳодӣ, чеҳраҳои хушноми Ҷумҳури исломии Афғонистон, намояндагони мардум дар маҷлиси шӯрои миллӣ, уламои ростини кишвар, занони далери меҳани бузургон ва мутанаффизини ақвом, фармондеҳон ва афсарони шуҷоъи низомӣ, андешаварзон ва нухбагони фарҳангӣ иқдомоти лозими худро дар маҳори буҳрон ва пешгирӣ аз фурӯпошии низом рӯйи даст гирад”, – таъкид шудааст дар баёния.

Роҳбарияти ҷабҳаи муқовимат ба мардуми Афғонистон барои муқовимат ва истодагарӣ муқобили зулму тероризм изҳори ташаккур карддаст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки эътирозҳо баъди даъвати роҳбарияти ҷабҳа дар шаҳрҳои Афғонистон ва берун аз кишвар саҳфаи навро дар таърихи кишвар кушод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.