Дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ” доир мегардад

Аз 13 то 15 октябр дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ” баргузор мешавад. Намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода мешавад. Дар намоишгоҳ-ярмарка ширкатҳои машғули фаъолият дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд. Касоне, ки аз ин чорабинӣ боздид мекунанд, метавонанд молу […]

Аз 13 то 15 октябр дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ” баргузор мешавад.

Намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода мешавад.

Дар намоишгоҳ-ярмарка ширкатҳои машғули фаъолият дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.

Касоне, ки аз ин чорабинӣ боздид мекунанд, метавонанд молу маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла мебелу маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос, матоъи абрешим – адрас ва атлавсти истеҳсорли Ӯзбекистон, маҳсулоти кимиёи маишӣ, маснуоти косибону ҳанармандони Тоҷикистонро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳое чун “Саноатсодиротбонк”, «Спитаменсуғурта», «Тоҷфилиз», «Строй-центр»,  «Файзи Расул», «Амирӣ», «Комбинати орди Душанбе», «Сиёма», «Исфарафуд», «САТН», «Ҷавонӣ» ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба сифати шарикон дар баргузории намоишгоҳ саҳм мегузоранд.

Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ”  рӯзи 13 октябр соати 10:00 доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.