Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон дар 10 рӯз 40% иҷро шуд

Аз 1 то 10 октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зиёда аз 40% иҷро шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода. Ба гуфтаи ӯ, нақша аз рӯйи натиҷаҳои даҳ рӯз дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ (ВМКБ), […]

Аз 1 то 10 октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зиёда аз 40% иҷро шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, нақша аз рӯйи натиҷаҳои даҳ рӯз дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ (ВМКБ), ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (вилояти Хатлон), Сангвор, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат (Ноҳияҳои тобеи марказ) 100% иҷро шудааст.

“Давоми даҳ рӯз нақшаи даъват дар ВМКБ – 96,1%, НТМ – 60,6%, вилояти Суғд – 32% ва Хатлон – 29% ба иҷро расид”, – гуфт Маҳмадализода.

Дар комиссариатҳои ҳарби чор ноҳияи шаҳри Душанбе иҷрои нақшаи даъват 49%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола аз 1 октябр то 30 ноябр маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ гузаронида мешавад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.