Дар 10 сол шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 2 млн зиёд шудааст

Имрӯз, 12 октябр, дар Агентии омори назди ҲҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ дар соли 2020 баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии  Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ  дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо […]

Имрӯз, 12 октябр, дар Агентии омори назди ҲҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ дар соли 2020 баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии  Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии аҳолӣ  дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн  133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, шумораи аҳолии ВМКБ 227,2 ҳазор нафар (соли 2010-ум 206 ҳазор нафар буд), вилояти Сугд 2 млн 770 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 233 ҳазор нафар буд), вилояти Хатлон 3 млн 444 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 677 ҳазор нафар буд), шаҳри Душанбе 948,8 ҳазор нафар (соли 2010-ум 724 ҳазор нафар буд) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 270 ҳазор нафар (соли 2010-ум 1 млн 722 ҳазор нафар буд) мебошанд.

Таъкид гардид ки натиҷаи ниҳоии барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 давоми солҳои 2022-2024 дар 11 ҷилд: дар соли 2022 маълумот дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ ва ҳолати ақди ниқоҳ, ақалияти миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокӣ, дар соли 2023 – маълумот дар бораи шумора ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои васоити зиндагӣ, машғулиятҳо ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, давомнокии истиқомат дар ҷойи истиқомати доимӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ, соли 2024 – маълумот дар бораи таваллуд ва фавти аҳолӣ, маъюбии шаҳрвандон, ҷамъбаст ва дастраси омма мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.