Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои давлатии пойтахт машварати корӣ доир намуда, дар он ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузории 4 ҳазору 145 чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 1 ҳазору 826-тоаш гузаронида шудаанд.
Зимни машварати корӣ зикр шуд, ки на ҳама чорабиниҳои дар ин давра дар пойтахт пешбинишуда баргузор шудаанд, ки сабабаш сирояти коронавирус аст.
Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир зикр кард, ки нақшаи чорабиниҳои ҷашн “сарфи назар аз ҳама гуна ҳолат” бояд иҷро шаванд ва дар ин робита ба сохторҳои дахлдор дастур супоришҳои мушаххас дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.