Хизматрасонӣ ба мусофирон тӯли 9 моҳ дар ФБД ду баробар афзуд

Date:

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” (ФБД) ба зиёда аз 613 ҳҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ анҷом додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

“Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба 613,035 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3% ё худ 225,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ФБД.

Гуфта мешавад, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар нӯҳ моҳи соли 2021 – 965,8 тонна (152,6% зиёдтар нисбат ба 9 моҳи соли гузашта)-ро ташкил дода, дар ин давра аз фурудгоҳ 46 293 кг маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ анҷом дода мешаванд.

“Инҳо 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ мебошанд”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе айни замон ба 13 шаҳрҳои Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд.

Дар хадамоти матбуоти ФБД ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки раҳбарияти фурудгоҳ кормандонеро, ки соли гузашта ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, тадриҷан ба ҷойҳои кориашон баргардонида истодааст.

“Асосан кормандони хадамоти техникӣ, ки бевосита бо мусофирон сарукор доранд, ба кор даъват мешаванд”, – гуфтанд дар он ҷо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...