Чин бо харҷи тақрибан 100 млн сомонӣ дар Тоҷикистон пойгоҳ месозад

Date:

Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишномаи бунёди он имрӯз, 27 октябр, дар парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

Пойгоҳи мазкур бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад.

“Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни ду давлат Чин барои бунёди пойгоҳи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ кӯмаки бебозгашт мекунад. Тибқи ин созишнома тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад”, – гуфт Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи мазкур.

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Толибхон Азимзода дар сӯҳбат бо журналистон гуфт пойгоҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Чин сохта мешавад.

“Пойгоҳ аз биноҳои корӣ ва дигар биноҳои маишӣ иборат буда, ба маблағи 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ сохта мешавад”, – гуфт вакили парлумон.

Сохтмони пойгоҳи махсуси ВКД аз ҷониби Чин дар ҳолест, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади бештар дорад. Ин кишвар ҳудуди се моҳ аст, ба дасти "Толибон" гузаштааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Дар гузориши мукаммали рӯзнома омадааст, "посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст". Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...