Русия созишномаи ташкили низоми муштараки дифои зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб мекунад

Ҳукумати Русия созишнома байни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ маъқул донист. Қарори марбута дар ин бора рӯзи душанбе дар портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд, менависад хабаргузории ТАСС. “Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2021 дар Душанбе […]

Asia-Plus

Ҳукумати Русия созишнома байни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ маъқул донист. Қарори марбута дар ин бора рӯзи душанбе дар портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд, менависад хабаргузории ТАСС.

“Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2021 дар Душанбе ба имзо расид, маъқул дониста шуда, ба президенти Русия ҷиҳати ирсол ба Думаи давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шавад”, – гуфта мешавад дар матни қарор.

Дар бораи лоиҳаи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон бори аввал 27 апрел вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳори назар карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, созишнома бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.

Дар санад зикр мегардад, ки ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки ҷузъу томҳои Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро сарфармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия амалӣ месозад.

Ҳайти шахсӣ зери раҳбарии фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия қарор гирифта, идоракунии амалиёти муштараки ҷузъу томҳо дар сарҳадҳои қитъаҳои ҷудогонаи амнияти дастаҷамъӣ ба дӯши фармондеҳи нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон вогузор мегардад.

Созишнома ба муҳлати номуайян баста шуда, вале ҳар кадоме аз тарафҳо бо фиристодани огоҳиномаи хаттии пешакӣ ба ҷониби дигар, ҳуқуқ доранд онро дар ҳама гуна вақт қатъ намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар – пойгоҳи низомии 201-ум мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.