ИМА ба Тоҷикистон барои муқовимат бо COVID-19 беш аз 2 млн воя ваксина дод

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15 ноябр тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Pfizer 117 000 вояро ба Тоҷикистон тақдим кард. Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, боқимонда 81 900 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад. Гуфта мешавад, ин тақдим илова […]

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15 ноябр тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Pfizer 117 000 вояро ба Тоҷикистон тақдим кард.

Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, боқимонда 81 900 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад.

Гуфта мешавад, ин тақдим илова ба 325 260 вояи ваксинаи Pfizer дар моҳи сентябр ва 1,5 млн вояи ваксинаи Moderna дар моҳи июли соли 2021 аст.

“Интиқоли имрӯзаи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми ӯҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба эҳдо кардани 1,1 млрд ваксинаи COVID-19 ба кишварҳои эҳтиёҷманд – ба таври бехатар, одилона ва бидуни шарт аст. Дар саросари ҷаҳон ИМА аллакай беш аз 200 млн ваксинаи зидди COVID-19 расонидааст ва дар интизор аст, ки миқдори бештари он расонида мешавад”, – омадааст дар хабар.

Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли таъкид доштааст, ки «ҳеҷ кас аз COVID-19 эмин нест, то вақте, ки ҳамагон эмин мешаванд. Ва ваксинаҳо як ҷузъи асосиву муҳим барои расидан ба ин ҳадаф мебошад».

Зикр мегардад, ки интиқоли ваксинаи мазкур як қисми кумаки ҳамоҳангшуда барои таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки хариди лавозимоти таъҷилӣ барои пешгирӣ ва назорати касалиҳои сироятиро дастгирӣ менамояд; назорат, вокуниш ва идоракунии мубталошавӣ бо COVID-19-ро такмил медиҳад; таблиғоти саломатии аҳолӣ, иртибот бо хатарҳо ва ҷалби ҷомеаро рушд ва беҳтар мекунад ва ҷоришавии истифодаи ваксина зидди COVID-19-ро дастгирӣ менамояд.

Қаблан дар доираи татбиқи механизми глобалии COVAX ба Тоҷикистон ҳудуди 370 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронавирус оварда шуд: 14 ноябр 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca, 117 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech; аз Латвия ба сифати кумаки башардӯстона 60 ҳазор ваксинаи AstraZeneca ворид шуд.

Тибқи маълуомти Вазорати тандурустӣ, то 12 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 758 ҳазору 384 нафар (47%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 2 млн 265 ҳазору 815 нафар (38,9%) гузаштаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА). Ваксингузаронӣ бепул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.