Мақоми сеюми толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ дар Ӯзбекистон

Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи байнулмилалии «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста […]

Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи байнулмилалии «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбари даста иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар миёни кишварҳои иштирокчӣ Тоҷикистон пас аз давлатҳои Русия ва Қазоқистон мақоми 3-юмро соҳиб гардид.

Дар олипиадаи мазкур мактабхонҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Уммон, Туркия, Қатар, Миср, Қувейт, Ливия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Таиланд ширкат варзиданд.

Ёдрас мешавад, ки чанде қабл дар 13-умин Олимпиадаи байналмилалӣ дар Туркия 93 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 68 ҷойи ифтихорӣ (20 медали тилло, 22 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ) гардида буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.