Cафорат: байни фавтидагон дар сӯхтори Солнечногорск тоҷикистониён нестанд

Дар байни ҳалокшудагон аз сӯхтор дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав рӯзи 13 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия. Гуфта мешавад, ин маълумотро сафорат аз Кумитаи тафтишоти Русия дарёфт намудааст. Ба иттилои намояндагии дипломатӣ, 2 нафари ҳалокшуда ва 4 каси осебдида аз ин сӯхтор шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Қаблан як қатор ВАО-и […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар байни ҳалокшудагон аз сӯхтор дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав рӯзи 13 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, ин маълумотро сафорат аз Кумитаи тафтишоти Русия дарёфт намудааст.

Ба иттилои намояндагии дипломатӣ, 2 нафари ҳалокшуда ва 4 каси осебдида аз ин сӯхтор шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Қаблан як қатор ВАО-и Русия хабар доданд, ки 13 ноябр дар макони зисти коргарони як иншооти сохтмон дар Солнечногорск сӯхтор сар зада, 4 коргари хориҷӣ ҳалок ва 2 нафар осеб дидаанд, ки эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Як рӯз пеш, 12 ноябр дар дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск сокинони маҳаллӣ вагончаеро, ки дар он коргарон зиндагӣ мекарданд, оташ заданд.

Дар натиҷа ду коргар ҳалок шуда, боз панҷ нафари дигар бо захми сӯхтаву ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон номбар шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.