Cобиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» директори нерӯгоҳи Роғун таъин карда шуд


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо қарори Ҳукумати ҶТ собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон самиев директори нерӯгоҳи бузургтарини кишвар – Норак таъин карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




Гуфтан бамаврид аст, ки Ш.Самиев 16-уми январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» сабукдӯш гардида буд.



То имрӯз вазифаи директори нерӯгоҳи Роғунро Рустам Зоғаков бар дӯш дошт. Ӯ 22-юми сентябри соли 2008 ба ин мансаб таъин шуда буд.


spot_imgspot_img

Популярное