Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон аз интишор ва ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи нави соли 2021 хабар дод. Қарори марбутаи Раёсати Бонки миллӣ дар ин бора рӯзи 16-уми ноябр содир шудааст. Бар асоси иттилоияи Бонки миллӣ, пулҳои коғазии  10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар намунаи нав ба муомилот бароварда мешаванд. Бонки миллӣ далели интишору […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон аз интишор ва ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи нави соли 2021 хабар дод. Қарори марбутаи Раёсати Бонки миллӣ дар ин бора рӯзи 16-уми ноябр содир шудааст.

Бар асоси иттилоияи Бонки миллӣ, пулҳои коғазии  10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар намунаи нав ба муомилот бароварда мешаванд.

Бонки миллӣ далели интишору вориди муомилот кардани  пулҳои коғазии намунаи навро нагуфтааст, аммо таъкид шудааст, ки намунаҳои нав "дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд".

Бар асоси тағйироте, ки дар аксҳои болои пулҳои коғазии намунаи нав дида мешавад, танҳо дар номинали 100-сомонӣ ба ҷойи бинои пештараи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи "Қасри президент" маъруф буд, бинои "Кохи Наврӯз" ҷой дода шудааст.

Бинои пешини Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2020 тахриб карда шуд ва ҳоло танҳо нимае аз бино ба унвони қароргоҳи роҳбарии ҳукумати шаҳри Душанбе боқӣ мондаасту халос. 

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.