“Парвандаи Мадина”. Парвиз Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз иштирокчиёни “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия- Плюс” хабар дод. “Ӯро додгоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба 8 соли зиндон ҳукм кард. Аммо бо татбиқи Қонуни авфи моҳи сентябр ҳукми ӯ то […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз иштирокчиёни “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия- Плюс” хабар дод.

“Ӯро додгоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба 8 соли зиндон ҳукм кард. Аммо бо татбиқи Қонуни авфи моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд”, – гуфт манбаъ.

Пештар хабар дода шуда буд, ки нисбати ӯ бо се моддаи Кодекси ҷонятии ҶТ – "азобу уқубат", "бисёрзанӣ", "расонидан ба худкушӣ" паравнда боз шудааст. Аммо дар изҳороти расмии Додситони кулли Тоҷикистон танҳо аз як модда – азобу уқубат ном бурда мешуд. 

Ба гуфтаи манбаъ, муҳокимаи гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамаҷонова ҳамсари Парвиз –  Азиза Давлатова идома дорад.

Хабар такмил мешавад.

“Қазияи Мадина”

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар кома аст, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.

Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Пизишкон мегӯянд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.

Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Рӯзи 1 декабр Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия – Плюс” гуфта буд, ки 18-уми ноябри соли 2021 парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Додситонӣ дар дар бораи парванда ҷузъиёти бештар надода, гуфт, бархе ҷузъиёти он “бо сабаби сири тафтишоти мавриди ифшо қарор намегирад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст