Содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷа қариб 30% афзуд

Дар моҳи ноябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 2,5 млн доллар неруи барқ интиқол дод, ки қариб 30% зиёдтар нисбат ба моҳи гузашта аст. Аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи умумии наздики 94 млн доллар барқ интиқол ёфтааст, ки 80% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳи ноябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 2,5 млн доллар неруи барқ интиқол дод, ки қариб 30% зиёдтар нисбат ба моҳи гузашта аст.

Аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи умумии наздики 94 млн доллар барқ интиқол ёфтааст, ки 80% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Дар зарфи 11 моҳи соли гузашта кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 53 млн доллар аз Тоҷикистон барқ гирифта буданд.

Дар доираи қарордодҳои имзошуда бо мақомоти марбутаи Афғонистону Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо барқ интиқол меёбад.

Мувофиқи қарордодҳо, то охири соли 2021 ин давлатҳо бояд аз Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 3 млрд кВт/соат (1,5 млр кВт/соат ҳар кадоме) барқ гиранд.

Барои 1 кВт/соат барқ Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2 сент (ба мисли истеъмолгарони маишӣ дар дохили кишвар) ва Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 18,7 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Сокинони деҳоти Тоҷикистон ҳоло интизор хоҳанд буд

Дар ҳамин ҳол, мавсими дуюми тирамоҳу зимистон пайдарпай сокинони деҳоти кишвар ба камбуди шадиди барқ дучоранд. Дар мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон  қатъи интиқоли барқ аз 13 октябр шурӯъ шуд.

Ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли барқро ба мисли солҳои пешин корҳои барқаросозиву таъмир дар зеристгоҳҳо ва шабакаҳои интиқоли барқ шарҳ медиҳад.

Дар мавсими пешинаи тирамоҳу зимистон чунин “корҳо” қариб чор моҳ давом карда, аввали моҳи январ бо расман ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба аҳолии деҳот ба охир расиданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми имсола ба парлумон рӯзи 21 декабр изҳор намуд, ки бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги сохтмону барқароркунӣ ва навсозии зерсохтори электроэненергетикӣ, иқтидори неругоҳҳои барқии кишвар давоми 7 соли наздик то 10 ҳазор МВт зиёд мешавад.

Сарвари давлат шарҳ дод, ки ин маънои онро дорад, ки “ҷумҳурӣ пурра ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ” ноил мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.