Рустами Эмомалӣ ба парвариши муваққатии чорво дар баъзе минтақаҳои шаҳр иҷоза дод

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия, ба парваришу нигоҳубини чорво дар дар баъзе минтақаҳои шаҳр иҷоза дод.

Тавре ки дафтари матбуоти шардории пойтахт хабар медиҳад, дар ин хусус зимни иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум тасмим гирифта шуд.

“Раиси шаҳр зикр кард, ки танҳо бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия пешниҳод гардид, ки то мутобиқ гардонидани ҷамоатҳои воридгардида ба талаботи шаҳрдорӣ, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвоноте, ки барои рушди сайёҳӣ нигаронида шудаанд, муваққатан ба муҳлати ду сол иҷозат дода шавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вакилон дар кори иҷлосия масъалаи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.

Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 7,6 ҳазор гектар замин ва 70 маҳалла ворид гардиданд, ки дар аксари хоҷагиҳои шаҳрвандон чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвонот парвариш карда мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия доир ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...