Ронандаи пирамардро пахш кардаву аз ҷойи ҳодиса фирорнамуда боздошт шуд

Date:

Дар шаҳри Душанбе кормандони милитсия ронандаеро боздошт намуданд, ки бо автомашинааш пирамарди 74-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, субҳи 1 январ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навор видео аз ҷойи ҳодисаи мазкур  нашр шудааст.

Тавре ки аз тамошои навори видео бармеояд, пас аз пахши пиёдагард ронандаи автомашина ба ҷойи даъвати мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷойи ҳодиса мегурезад.

Нашри ин навор мавриди танқиди шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дархост шуд, ки нисбат ба ронандаи фирорӣ чорааҳои дахлдор рӯйи даст гирифта шавад.

Тибқи маълумоти Раёсат, бар асари зарбаи автомашина ба пирамард, дар ҷои ҳодиса як ҷуфти рақами қайди давлатии 5812FF01 аз автомашина канда шуда афтидааст, ки бо ҳамин рақам ронанда дарёфт ва боздошт шудааст.

Раёсат сурати ронандаро нашр карда, лекин дар бораи ному насаб ва дигар ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла вазъи солимии пирамарди ҷабрдида маълумот намедиҳад. Ба зангҳои телефони хадамоти матбуоти Раёсат посух намедиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...