Роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шуд

Боришоти зиёди борону барф дар рӯзи 6 январ ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг мушкил эҷод карда, роҳ муваққатан баста шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, дар километри 92-юми роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, дар наздикии деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ боридани барфи зиёд ба тармафароӣ боис гардида, роҳро баст. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Боришоти зиёди борону барф дар рӯзи 6 январ ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг мушкил эҷод карда, роҳ муваққатан баста шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар километри 92-юми роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, дар наздикии деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ боридани барфи зиёд ба тармафароӣ боис гардида, роҳро баст.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офат кормандони хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт ва техникаи махсус ба ин қитъа сафарбар шудааст.

“Айни замон корҳои тозакунии роҳ идома дошта, роҳ муваққатан баста  аст”, – зикр мешавад дар хабари Кумита.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма ва барфреза боқӣ мемонад. Кумита аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки эҳтиёткор бошанду ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.