Поёни парвандаи пурбаҳси куштор дар Ғарм: гумонбарон 17 ва 19 сол маҳкум шуданд

Имрӯз, 7 январи соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон ду гумонбари қатли Алиризо Худоёров, як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Раштро ба 17 ва 19 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” амаки марҳум Ҷунайдулло Худоёров хабар дод. Номбурда гуфт, ки додраси Додгоҳи олӣ гумонбарон Зафарҷони Насриддин ба 19 ва Азимов Абдуллоро ба 17 соли зиндони […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 7 январи соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон ду гумонбари қатли Алиризо Худоёров, як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Раштро ба 17 ва 19 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” амаки марҳум Ҷунайдулло Худоёров хабар дод.

Номбурда гуфт, ки додраси Додгоҳи олӣ гумонбарон Зафарҷони Насриддин ба 19 ва Азимов Абдуллоро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Аз ин пештар, додситон ба Абдулло Азимов 19 сол ва Зафар Ҳусейнов 20 сол зиндон пурсида буд.

Бо вуҷуди ин, наздикони Алиризо Худоёров аз он норозӣ ҳастанд, ки “дар қатли бародарзодаашон Алиризо Худоёров дастикам 6 нафар бо шумули фармоишгар шарик доштанд, вале танҳо ду нафар ба додгоҳ кашида шуданду халос.

– Мо дар идома хоҳишу талаб дорем, ки боқимонда шарикони ҷиноятро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд,- гуфт Ҷунайдулло Худоёров.

Ҳодисаи қатли Алиризо Худоёров, ки бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст, сару садои зиёде барпо кард. Баъди қатли Алиризо Зафари Насриддин ва Азимов Абдулло, сокинони ноҳияи Рашт боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Парвандаи мазкурро, ки баъдан ҷанҷолӣ шуд, Додситонии кулл тафтиш кард ва онро Додгоҳи олӣ баррасӣ намуд.

Алиризо аввали моҳи июли соли 2021 ҳангоми занозанӣ ва кордкашӣ кушта шуд. Наздиконаш ҳодисаро “тарҳрезишуда” ва “кори дасти камаш панҷ нафар” медонанд.

Вале Рухшона Исмонова, хоҳарбузурги Зафари Насриддин дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” иддаои пайвандони Алиризоро рад карда гуфта буд, ки дар ин ҳодиса панҷ нафар ширкат надошт.

“Мегӯянд, ки кордро Азимов Абдулло додааст, дурӯғ аст. Онҳо дар хона буданд, ҳамроҳи ҳамсараш. Мо аз ин кор хабардор набудем, вақте Зафарҷон омада назди ҳама хешу табор гуфтаст, ки ин корро ман кардам, баъд ҳама хабардор шуданд. Гуфтанд, чаро ин беақлиро кардӣ? Гуфтаст, ки чора надоштам, агар намекуштам, маро мекуштанд”,-гуфт ӯ.

Хонаводаи Худоёровҳо иддао доранд, ки бо ин афрод ва наздиконашон барои як порча замин баҳс доштанд ва эҳтимол муноқиша ҳосили ҳамон ҷанҷол аст. Вале наздикони гумонбарон боздошту муҳокимаи онҳоро нодуруст ва "ҳосили хусумати хонаводаҳо" хонда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.