ВКД: “Ронандаи автобус аз истеъмоли дору беҳуш шуда, раҳгузаронро дар бозори “Корвон” пахш кард

ВКД Тоҷикистон ҳодисаи ҳаракати автобус ба самти пиёдагардонро дар назди бозори "Корвон" шарҳ дода гуфтааст, сабаби ҳодиса зери таъсири доруи "Баралгин" аз ҳуш рафтани ронанда аст. Ронанда дар бемористон бистарӣ шудааст. Гуфта мешавад ки автобус ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дошта, онро ронанда шуҳрат Мирдонов идора мекард. ВКД ҳамчунин, дар шарҳи ҳодиса гуфтааст, автобус ҳангоми […]

Asia-Plus

ВКД Тоҷикистон ҳодисаи ҳаракати автобус ба самти пиёдагардонро дар назди бозори "Корвон" шарҳ дода гуфтааст, сабаби ҳодиса зери таъсири доруи "Баралгин" аз ҳуш рафтани ронанда аст. Ронанда дар бемористон бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад ки автобус ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дошта, онро ронанда шуҳрат Мирдонов идора мекард.

ВКД ҳамчунин, дар шарҳи ҳодиса гуфтааст, автобус ҳангоми ба самти муқобил ҳаракат кардан ба автомашинаҳои тамғаи “Хундай Солярис”, “Опел-Вектра”, “Тойота-Прадо” ва  “Опел-Астра”, ки ин онҳо ба роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрдааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар натиҷа, мусофири автомашинаи "Опел-Астра сокини шаҳри Душанбе Шабнам Ҳасанова (соли таваллудаш 1995), ки мехост аз автомобил фарояд, зери чархи автобуси монда, ба ҳалокат расид.

Зикр мешавад, ки нафарони дигар осеб надидаанд ва аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.